Ссылки доступа

Меркел: терроризм дар Олмон пеш аз буҳрони муҳоҷират ҳам буд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфтааст, ҳамлаи ахире, ки дар кишвараш аз сӯи тундравон анҷом шуд, ба омадани гурезаҳо рабте надорад.

Вай дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, терроризм дар Олмон пеш аз буҳрони муҳоҷират ҳам вуҷуд дошт.

Меркел иштибоҳи сиёсати муҳоҷирати кишварҳои Аврупоро иқрор кардааст. Ба гуфтаи вай, ислоҳоти муҳоҷирати умумиаврупоӣ ҳанӯз 10 сол пеш лозим буд. Садри аъзами Олмон зимни ин суҳбат ҳимояти марзҳои берунии минтақаи Шенгенро зарур хондааст.

Соли 2015 беш аз як миллион зодаи кишварҳои Ховари Минаёву Наздик ва Африқо аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ҳукумати Олмон баъди ҳамлаи моҳи июли соли равон, ки аз сӯи гурезаҳо анҷом шуд, барои "сиёсати дарҳои боз"-аш интиқод шуд. Меркел ин ҳамларо маҳкум кард, аммо гуфт, сиёсати муҳоҷирати кишвараш тағйир нахоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG