Ссылки доступа

Эрдуғон истирдоди Гюленро бо Обама дар Чин баррасӣ мекунад


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия ният дорад, масъалаи истирдоди Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии фирории туркро бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама 4 сентябр зимни саммити "Бистгонаи бузург", ки дар Чин баргузор мешавад, баррасӣ кунад.

Дар ин бора Иброҳим Калин, намояндаи президенти Туркия хабар додааст. Вале Вашингтон то ҳол иттилоъи мазкурро шарҳ надодааст.

Ҷо Байден, ноиби президенти ИМА 24 августи соли равон ҳангоми боздидаш аз Анқара гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои баҳои дуруст додан ба айбномаи зидди Гюлен бо мақомоти Туркия ҳамкорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Байден, Вашингтон танҳо дар доираи қонун метавонад мухолифи туркро ба ватанаш истирдод кунад.

Анқара Фатҳуллоҳ Гюлен, мухолифи турки муқими Иёлоти Муттаҳидаро дар ташкили кӯшиши табаддулоти давлатии шаби 15 ба 16 июл дар Туркия айбдор мекунад. Худи Гюлен ин айбро рад карда, мегӯяд, агар гуноҳи вайро додгоҳи мустақил исбот кунад, ба ватан бар хоҳад гашт.

XS
SM
MD
LG