Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: “ҷанги дохилиро ҲНИТ оғоз карда буд”


Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон баъзе муллоҳо бо ташаббуси ҳизби ҳамакнун мамнуи наҳзати исломӣ оғоз карда буданд.

Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни “Дарси сулҳ”-аш дар бинои нави Донишгоҳи давлатии Данғара баён дошт.

Президенти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим намудани ҷаҳон, ҳамчунин шиддат гирифтани низоъҳои динӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву давлатҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосирро боз ҳам мураккабу ҳассос кардаанд.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор додааст, дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар бештари кишварҳо халалдор шудааст.

"Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардиду таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем", - афзудааст вай.

Президент қайд кардааст, ки ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта баъзе муллоҳо бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бар пояи қонун ҳизби террористӣ эътирофу фаъолияташ манъ шуд, оғоз карда буданд.

XS
SM
MD
LG