Ссылки доступа

Киев ва Донбасс оташбасро риоя мекунанд


Дар минтақаи даргириҳои шарқи Украина, ки аз нимашабии 1 сентябр режими оташбас эълон шуда буд, то ҳол ин хомӯшӣ риоя шудааст. Дар ин бора вазири мудофиаи Украина Степан Полторак хабар медиҳад.

Ба гуфати Полторак, вай ҳар 15 дақиқа аз вазъи минтақа иттилоъ мегирад ва аз хомӯшии субҳи имрӯз хушҳол шудааст. Дар ҳамин ҳол, вазирои мудофиаи Украина мегӯяд, рӯзҳои охир вазъият дар Донбасс хеле шадид буд. Шадид шудани вазъ ба баргузории машқҳои Русия "Қафқоз-2016" рабт дорад, мегӯяд Полторак. Ахиран дар ҷангҳои бо ҷудоихоҳон як низомии украинӣ кушта шуд.

Созиши оташбас сар аз 1 сентябр дар минтақаи даргириҳои шарқи Украина дар ҷаласаи гуруҳи Минск, ки 26 август баргузор шуд, ба даст омад. Оташбаси мазкур ба шуруъи соли нави хониш бахшида шудааст. Ин ташаббусро ҷониби Украина пешниҳод кард.

Низоъ дар шарқи Украина баҳори соли 2014, баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия шуруъ шуд. Киев ва кишварҳои Ғарбӣ Русияро дар пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон айбдор мекунанд. Кремл ин айбҳоро рад мекунад. Бино бар иттилои СММ, аз моҳи апрели соли 2014 то кунун дар Донбасс 9,5 ҳазор одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG