Ссылки доступа

Ҳокими пешини қазоқ, ки қатли маъшуқаашро "фармоиш" дода буд, зиндонӣ шуд


Ҳокими пешини яке аз ноҳияҳои вилояти Қазоқистони Ғарбии Қазоқистон Женис Сериккалиевро 11 сол зиндонӣ карданд.

Вай ва ду зердасташ Арман Кожамуродов ва Беймбет Исмагамбетовро бо айби ташкил ва талоши куштор зиндонӣ карданд. Кожамуродов низ 11 сол ва Исамагамбетов 10 сол зиндонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои тафтишот, моҳи феврали соли ҷорӣ Сериккалиеви 38-сола бар ивази миллион тангаи қазоқӣ қатли маъшуқааш Кристина Салимгирееваро "фармоиш" додааст. Гӯиё Кристина аз ҳокими пешин хоста будааст, ки падарии духтари муштаракашонро эътироф кунад, ва гарна вай бо паҳн кардани хабарҳо дар бораи ҳоким шаъну шарафи ӯро паст мезанад.

Ба гуфтаи тафтишот, Кожамуродови 38-сола ва Исмагамбетови 30-сола барои иҷрои қатли Кристина киро шуда будаанд. Ин ду нафар шаби 23 феврал Кристинаро дар даҳлези хонааш тақрибан 10 зарби корд задаанд. Аммо маъшуқаи ҳокими пешин зинда монда, баъдан ба пулис хабар бурдааст.

Ба ҷуз ин, додгоҳ ҳар кадом маҳкумшударо вазифадор кард, ки ба ҷабрдида миллион тангаӣ ҷуброн пардозанд.

XS
SM
MD
LG