Ссылки доступа

Сохтмони қароргоҳи президент дар Кӯлоб ба охир мерасад


Сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб тақрибан ниҳоӣ шудааст ва бояд то охири сентябр ба истифода дода шавад. Ин бӯстонсаро дар масоҳати 25 гектар ҷойгир аст.

Пӯлод Ҳафизов, муовини шаҳрдори Кӯлоб мегӯяд, ин сохтмон соли гузашта оғоз ёфта буд ва дар онҷо 200 коргари маҳаллӣ фаъолият доранд. Дар ин қароргоҳ боғи сабзу хуррам ва толори қабули меҳмонҳо вуҷуд дошта, коргарон ба бунёди ҳавзи шиноварӣ машғуланд. Сохтмони қароргоҳ имкон хоҳад дод, ки президенти Тоҷикистон дар он ҷо меҳмону намояндагони ҳукуматҳоро ба ҳузур пазируфта, ҷаласа доир кунад. Ҳафизов гуфт, ки иншоот аз ҳисоби пули буҷаи ҳукумати Кӯлоб бунёд мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Варзоб, қароргоҳу бӯстонсарои худро дорад ва баъзе аз вохӯрӣ ва мулоқоташро бо раҳбарони кишварҳо дар онҷо баргузор мекунад. Ахиран дар бӯстонсарои президент дар Варзоб, ки бо номи "Пуғус" маъруф аст, як бинои бисёртабақа ҳам сохта шуд.

Бархе аз сокинони ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ҳарчанд ниёзи минтақа ба ҷои кор ва корхонаҳои саноатӣ бештар аст, вале мегӯянд, ҳадди ақалл бо баҳонаи сохтмони ин қароргоҳ роҳҳои атроф нав карда хоҳанд шуд.

Кӯлоб бо 200 ҳазор сокинаш севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст, вале дар муқоиса бо гӯшаҳои дигари Тоҷикистон рушди чандони иқтисодӣ надорад.

XS
SM
MD
LG