Ссылки доступа

Ҷудоихоҳони шарқи Украина "намояндагӣ"-и худро дар Аврупо боз карданд


Мақомоти "Ҷумҳурии мардумии Донетск" (ҶМД)-и худхонда рӯзи панҷшанбе эълон карданд, ки дар Иттиҳоди Аврупо намояндагияшон боз шудааст.

Ба иттилои Радиои Чехия, "консулгарии ҶМД" дар шаҳри Остраваи Чехия ифтитоҳ шуда, кормандонаш мегӯянд, марказ дар Аврупо оид ба ин кишвари ҳанӯз эътирофношуда иттилои дурустро паҳн мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Чехия зидди ифтитоҳи "намояндагӣ"-и мазкур баромада, гуфтааст, Ҷумҳурии худхондаи Донетск субъекти ҳуқуқии байналмилалӣ нест ва аз ин рӯ, ҳаққи боз кардани консулгарӣ дар кишварҳои дигарро надорад. Дипломатҳои Чехия мегӯянд, коргоҳи ҷудоихоҳони Украина ҳамчун созмони ҷамъиятии "Маркази намояндагии ҶМД" сабти ном шудааст.

Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетскро ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар ҷанубу шарқи Украина баҳори соли 2014 таъсис додаанд. Киев ва кишварҳои Ғарб Русияро дар он айбдор мекунанд, ки аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ҳимоят карда, ба онҷо силоҳ ва нерӯ мефиристад. Дар ҳоле, ки Кремл ин ҳамаро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG