Ссылки доступа

ИМА рӯйхати таҳримшудаҳои Русияро афзоиш дод


ИМА дар робита ба ҳимояти Русия аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ва ғасби Қрим исми 37 одаму ширкати дигареро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид кардааст.

"Вазорати молия ҳамроҳ бо ҳамкоронамон нақз шудани ҳуқуқи байналмилалиро аз сӯи Русия маҳкум мекунанд ва мо низ ҷонибдории таҳримҳоро зидди шахсоне, ки ба ҷаҳон ва суботу соҳибихтиёрии Украина хатар доранд, идома медиҳем", - гуфтааст Ҷон Смит, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати назорати дороиҳои байналмилалӣ.

Ба гуфтаи вай, ИМА баъзеи ширкатҳои Русияро, ки дар Қрим фаъолият мекунанд, аз ҷумла "Мостотрест" ва "СГМ-Мост"-ро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст. Ин ду ширкат дар сохтмони пуле, ки Русияву Қримро ба ҳам мепайвандад, иштирок карда буданд. Ҳамчунин зидди 6 намояндаи ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ва 11 мансабдори Қрим таҳрим эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG