Ссылки доступа

Назарбоев 3 сентябр ба ҷои Чин ба Ӯзбекистон меравад


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон сафари кории нахустини худ ба Чинро лағв карда, 3 сентябри соли равон ба Ӯзбекистон хоҳад рафт.

Вазъи саломатии Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон, ки рӯзҳои охири моҳи август бар асари хунрезии мағзӣ бистарӣ шуд, вазнин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора субҳи ҷумъа ҳукумати Ӯзбекистон хабар дода, изҳороти мазкур ба воситаи тамоми телевизионҳои давлатии кишвари ҳамсоя хонда шуд.

Аз ҳамаи кӯчаҳои шаҳри Тошканд парчами миллии Ӯзбекистон барчида шудааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз мардуми Ӯзбекистон аз 25-солагии истиқлолияти давлатияшон таҷлил карданд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хабарӣ аз сафари Шавкат Мирзиёев, сарвазири Ӯзбекистон ба Самарқанд иттилоъ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG