Ссылки доступа

Дар Туркия бештар аз 500 додгустару додситони дигарро барканор карданд


Дар Туркия 543 додгустар ва додситони дигар аз мақомҳояшон барканор шуданд. Шумори умумии кормандони бахши додгоҳӣ, ки баъди талоши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июл, аз мақом барканор шуданд, ба 3 200 нафар мерасад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон мегӯяд, тоза кардани бахши додгоҳӣ ба боло рафтани мустақилияти низоми додгоҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмуъ бо гумони ҳамдастӣ дар талоши табаддулот наздики 80 ҳазор корманди давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Бисёриҳо, аз ҷумла судяҳо, додситонҳо, низомиён, пулис ва рӯзноманигорон барои бозпурсӣ боздошт шуда буданд. Ҳукумат масъулияти талоши табаддулотро бар дӯши руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гюлен бор мекунад.

Дар шабу рӯзи табаддулоти давлатӣ бештар аз 270 нафар кушта шуд. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА аз боздошти дастаҷамъӣ ва саркӯби мухолифони Эрдуғон изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG