Ссылки доступа

Дар Душанбе маркази мубориза бо қочоқи инсон ифтитоҳ шуд


Бо ташаббуси сафорати Амрико дар Тоҷикистон маркази муқовимати зидди қочоқи инсон боз шуд.

Дар расми ифтитоҳи он Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе иштирок карданд.

Раҳимзода ифтитоҳи марказро дар мубориза зидди ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон муҳим хондааст. Хонум Миллард низ дар навбати худ қайд кардааст, ки таъсиси Маркази муқовимат бо қочоқи инсон имкон медиҳад, то талошҳо дар мубориза зидди ин хатари ҷаҳонӣ ҳамоҳанг карда шаванд.

Тоҷикистон аз нахустин кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки соли 2004 қонуни муқовимат зидди қочоқи инсонро ба тасвиб расондааст. Баъди 10 сол, дақиқтараш моҳи июли соли 2014 қонуни "Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни хариду фурӯши инсон"-и Тоҷикистон низ қабул шудааст, ки барои ҷиноятҳои марбут ба он 22 навъ муҷозотро пешбинӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) эълон кард, ки дар 11 соли охир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтаронанд.

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ҳоло марказҳои махсуси кумак ба осебдидагони қочоқи инсон фаъолият мекунанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар заминаи қочоқи инсон 28 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 22 ҳолати он ҳукм эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG