Ссылки доступа

Reuters: Президент Ислом Каримов даргузашт


Хабаргузории Reuters бо такия ба се манбаи дипломатӣ дар Тошканд хабар дод, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов фавтидааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки аз рӯзи шанбеи 27 август ба ин сӯ бархе аз расонаҳои ахбори ом бо такия ба манобеи худ хабари марги раҳбари Ӯзбекистонро нашр мекарданд. Дертар Лола Каримова-Тилоева,духтари хурдии президенти Ӯзбекистон дар сафҳааш дар Инстаграм навишт, ки падараш пас аз сактаи мағӣ дар бемористон бистарист. Рӯзномаҳои Ӯзбекистон рӯзи 1 сентябр изҳороти Девони вазирони ин кишварро нашр карданд, дар он вазъи саломатии Ислом Каримов «бӯҳронӣ» номида шуд.

Шаби гузашта хабарҳое паҳн шуд, ки дар зодгоҳи Каримов, шаҳри Самарқанд, омодагиҳои густардае ҷараён доранд. Дар қабристони ин шаҳр модар ва ду бародари Ислом Каримов гӯронда шудаанд.

Ислом Каримови 78-сола аз замони расиданаш ба мақоми Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 1989 ин кишварро идора мекард. Дар соли 1990 вай президенти Ӯзбекистон интихоб шуда, панҷ раҳи дигар дар интихоботҳои президентӣ пирӯз гаштааст. Интихоботи охирин дар соли 2015 баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG