Ссылки доступа

Модарони эътирозгари Бесланро ҷарима карданд


Ширкатдорони гирдиҳамоии эътирозӣ дар Беслан, ки дирӯз дар ҷараёни ёдбуди фоҷиаи 1-3 сентбяри соли 2004 боздошт шуданд, ба кори маҷбурӣ ва ҷарима маҳкум шуданд.

Панҷ модаре, ки фарзандонашон кушта ва ё гаравгон афтода буданд, дар маросими ёдбуд дар либосҳояшон навиштанд, ки дар он ҳодиса Путин айбдор буд. Занҳо талаб карданд, ки ҳодисаи гаравгонгирӣ ва озодсозии мактаб дар соли 2004 таҳқиқ шавад.

Ин занҳоро дар шуъбаи пулис ва додгоҳ беш аз 14 соат нигаҳ доштанд. Ду нафари онҳо дар ҳаҷми 20 ҳазор рубли русӣ ҷарима шуданд. Боқимондаҳоро додгоҳ ба 20 соати кори маҷбурӣ маҳкум кардааст. Занҳо ният доранд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

1 сентябри соли 2004 афроди мусаллаҳ беш аз 1200 хонанда ва омӯзгори мактаби №1 дар Беслан (Осетияи Шимолӣ)-ро гаравгон гирифтанд. Он замон зимни ҳамлаи террористӣ ва ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои ҳукуматӣ 334 нафар, аз ҷумла 186 кӯдак кушта шуд. Гунаҳкорони фоҷиа то кунун муҷозот нашудаанд.

Имрӯз ҳам дар Беслан ёдбуди ҳодисаи мазкур идома мекунад.

XS
SM
MD
LG