Ссылки доступа

Путин: дар баҳси марзӣ созиш бо Ҷопон имкон дорад


Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, дар баҳси марзӣ бо Ҷопон сари ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ ба созиш расидан имкон дорад. Дар ин бора Владимир Путин дар остонаи мулоқот бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ изҳори назар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Путин эҳтимоли ба Ҷопон додани қисме аз ҳудуди Русияро рад кард. "Мо заминҳоямонро намефурӯшем", - гуфтааст вай. Путин илова кардааст, ки гап дар бораи ҷустуҷӯи роҳи ҳалле, меравад, ки ҳеч кадом аз тарафҳо худро ғолибу мағлуб эҳсос накунанд.

Расонаҳои Ҷопон навиштанд, ки Токио ба сокинони Курили Ҷанубӣ пешниҳод кардааст, дар сурати дар ихтиёри Русия мондани ҷазираҳо, зиндагиашонро дар он ҷо идома диҳанд. Пештар аз ин хабар дода шуда буд, ки Ҷопон ҳатто дар сурати ҳал нашудани баҳси марзии ҷазираҳои Курил, кумаки иқтисодиашро ба Шарқи Дури Русия идома медиҳад.

Баҳс сари чаҳор ҷазираи Курил, ки СССР дар поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ғасб карда буд, давоми даҳсолаҳо муносибатҳои Русияву Ҷопонро тира мекунад ва намегузорад, ки ин ду давлат созишномаи сулҳро ба имзо расонанд.

XS
SM
MD
LG