Ссылки доступа

Дидори Назарбоев бо Обама дар саммити G-20


Дар доираи саммити G-20 дар Чин президенти ИМА Барак Обама бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот кардааст.

Обама гуфт, омадааст, ки баъди ба охир расидани муҳлати президентиаш низ бо Назарбоев "ҳамкориҳои наздик"-ро идома диҳад. Вай Назарбоевро "дӯсти хуб" ва "шарики боэътимод"-и ИМА номидааст.

Назарбоев дар доираи саммити кишварҳои "Бистгонаи бузург" дар Чин бо роҳбарони дигар, аз ҷумла сарвазири Бритониё Тереза Мэй ва сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқот кардааст.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки президенти Қазоқистон бо президенти Русия Владимир Путин, президенти Фаронса Франсуа Олланд, садри аъзами Олмон Ангела Меркел, президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва дигарон суҳбат кардааст.

XS
SM
MD
LG