Ссылки доступа

Дар Қирғизистон Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён баргузор мешаванд


Дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён аз 3 то 8 сентябр дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор мешаванд. Ҳадафи ин бозиҳо - эҳё ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии халқҳои кӯчии ҷаҳон унвон шудааст.

Чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар Чолпон-Ота ва Иссиқкӯл баргузор мешаванд. Дар бозиҳо наздики 1000 варзишгар аз 53 кишвар ширкат хоҳанд кард.

Президенти Қирғизистон гуфтааст, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба мерос ва фарҳанги кӯчиён таваҷҷуҳ доранд. Ду сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиён баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд - имсол аз 52 кишвар ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG