Ссылки доступа

ВАО: Ҳалимов фармондеҳи ДИ таъйин шудааст


Бино ба иттилои расонаҳои Ироқ, Гулмурод Ҳалимов, полковники фирорӣ ва пешини Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон раҳбари шохаи низомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИ) таъйин шудааст.

Пойгоҳи alsumaria.tv 3 сентябр бо истинод ба манбаи худ дар мақомоти амниятии вилояти Найнавои Ироқ хабар додааст, ки ДИ Ҳалимовро ба ҷои Абӯ Умари Шешонӣ фармондеҳи низомии ин созмон таъйин кард.

Бар пояи иттилои манбаъ, ДИ аз тарси он ки фармондеҳони наваш ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ қарор нагиранд, расман таъйини полковники фирории тоҷикро ба унвони раҳбари шохаи низомии созмон эълон накардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш ИМА гуфт, омодааст барои иттилоъ дар бораи макони будубоши Ҳалимов 3 миллион доллар бидиҳад. Вашингтон полковники фирории тоҷикро яке аз шахсиятҳои хатарноки ДИ медонад.

Полковники пешини нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон снайпери низомӣ буд ва солҳои 2003-2014 дар давраҳои омӯзишии мубориза зидди терроризм иштирок кардааст.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва охирҳои моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва зимни як паёми видеоӣ гуфт, бо норозигӣ аз шеваи кори ВКД Тоҷикистон дар робита бо намозу либоси исломӣ ба “Давлати исломӣ” пайвастааст.

XS
SM
MD
LG