Ссылки доступа

Сарвазирони Ӯзбекистону Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд


Сооронбой Жээнбеков, сарвазири Қирғизистон дар ҷараёни сафараш ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Жээнбеков дар робита ба даргузашти Ислом Каримов аз номи президенти Қирғизистон ҳамдардӣ баён кардааст. Мирзиёев низ дар навбати худ барои дастгирии мардуму давлати Ӯзбекистон дар ин рӯзҳои сахт ва иштирок дар маросими видоъ бо Ислом Каримов ба ҳамтои қирғизаш изҳори сипос намудааст.

Ҷонибҳо дар ин мулоқот дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётиро баррасӣ кардаанд. Таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои марзӣ шудааст.

Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Эрлан Абдилдаев - вазири корҳои хориҷӣ, Нурбек Олимбеков - муовини раиси порлумон ва Анвар Ортиқов, сафири Қирғизистон дар Ӯзбекистон низ иштирок кардаанд.

XS
SM
MD
LG