Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон се мушак партоб кард


Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон се мушаки болдор партоб кардааст, хабар медиҳад вазорати дифои Куриёи Ҷанубӣ.

Ин озмоиш дар рӯзи охири нишасти G20, ки дар Чин баргузор мешавад, иттифоқ афтодааст. Дар нишасти G20 бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ки Куриёи Шимолиро ба далели барномаи таъсиси силоҳи ҳастаияш маҳкум мекунанд, ширкат доранд.

Партоби мушак вайрон кардани қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ унвон мешавад. Ба иттилои расонаҳои Куриёи Ҷанубӣ, озмоиш эҳтимол баъди дидори президенти Чин Си Ҷинпин бо президенти Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе сурат гирифтааст. Чин шарики асосии дипломатии Куриёи Шимолӣ аст.

Роҳбари Чин президенти Куриёи Ҷанубиро аз ҷой додани системаи зиддимушакии Амрико дар хокаш ҳушдор дод. Ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ мегӯяд, системаи зиддимушакӣ ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои мушакии Куриёи Шимолӣ ҷой дода шудааст.

Дар нимҷазираи Куриё баъди озмоиши мушакҳо ва силоҳи ҳастаии Куриёи Шимолӣ вазъ шиддати бештар ёфтааст.

XS
SM
MD
LG