Ссылки доступа

Намояндаи ИМА ба Ӯзбекистон меояд


Муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказиву Ҷанубӣ Даниел Розенблюм ба Ӯзбекистон меояд.

Дар ин сафар мулоқоти намояндаи ИМА бо афроди расмии Ӯзбекистон ва баррасии муносибатҳои дуҷониба дар назар аст. Сафорати ИМА дар Ӯзбекистон мегӯяд, ҷонибҳо дар масоили муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ суҳбат хоҳанд кард.

Бори охир дипломати амрикоӣ моҳи апрели соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон рафта ва бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов мулоқот карда буд.

Бино бар иттилои манбаъе, ки нахост номаш зикр шавад, сафари намояндаи ИМА ба Ӯзбекистон бо ҳаводиси охири ин кишвар - марги Ислом Каримов рабт дорад.

XS
SM
MD
LG