Ссылки доступа

Тундгароҳо дар Қазоқистон мехостанд, амали 11 сентябри 2001-ро такрор кунанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) хабар медиҳад, ки чаҳор гумонбари боздоштшуда ният доштанд ҳавопаймо рабоянд, ба қисмҳои низомӣ, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва намояндагони Раёсати маънавии мусалмонони Қазоқистон ҳамла кунанд.

Бино бар гуфтаи КДАМ, ширкатдорони эҳтимолии гуруҳ аз фурудгоҳи Талдикоргани ин кишвар маълумот гирд оварда, эҳтимоли рабудани ҳавопайморо барои анҷоми амали террористии монанд ба ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар ИМА, омӯхтаанд. Хабар дода мешавад, ки миёни чаҳор боздоштшуда шаҳрвандони Қазоқистон низ ҳастанд.

Гуфта мешавад гуруҳи дигаре, ки моҳи июн дар вилояти Қарағандаи он кишвар боздошт шуда буд, ният дошт ба пойгоши низомии Русия дар шаҳри Балхаши Қазоқистон ҳамла кунад.

Дар маҷмуъ, бино бар иттилои КДАМ, аз ибтидои сол то кунун ҳашт гуруҳи тундгаро дар Қазоқистон боздошт шудааст. Таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳонаи 5 июн дар Оқтеппа ба анҷом расидааст. Интизор меравад аз рӯи ин парванда дар додгоҳ 30 муттаҳам муҳокима шавад.

XS
SM
MD
LG