Ссылки доступа

Ҳукми як сокини Душанбе барои қасди пайвастан ба ДИ


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро, ки дар роҳ ба сӯи Сурия боздошт шуда буд, ба муҳлати 6,6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, сокини Душанбе Диловар Музаффаров моҳи декабри соли 2014 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Новосибирски Русия буданаш бо ду ҳамватани худ шинос шудааст.

"Онҳо Музаффаровро даъват кардаанд, ки ба Сурия рафта, ба сафи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бипайвандад", - афзудааст манбаъ.

Рӯзи 4 майи соли 2016 Музаффаров дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Москва ҳангоми парвоз ба Истамбул аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир ва баъдан ба мақомоти тоҷик супурда шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Д.Н. Музаффаровро бар пояи моддаи 32-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста, ба 6 солу 6 моҳи зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG