Ссылки доступа

Додгоҳ даъвои ҳомиёни ҳуқуқро зидди Отамбоев баррасӣ мекунад


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз даъвои ҳифзи шарафу номус ва эътибори кории ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдирасулова ва Толекан Исмоиловаро зидди Алмосбек Отамбоев, президенти ин кишвар баррасӣ мекунад.

Азиза Абдурасулова, раиси созмони ҳуқуқи инсони "Килим шами" талаб дорад, ки президенти Қирғизистон бояд расман узр пурсад ва ҳарфҳоеро, ки нисбаташон гуфта буд, рад кунад. Ба гуфтаи вай, Отамбоев ҳамчунин бояд ба онҳо 10 миллион сомӣ (муодили 1 миллион сомонӣ) ҳамчун зарари маънавӣ бипардозад.

Ёдрас мешавем, ки 16 июни соли равон Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек ин даъвои ҳомиёни ҳуқуқро зидди президенти Қирғизистон рад карда буд.

Моҳи майи соли равон Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоилова дар ҷаласаи созмони иҷтимоии "Порлумони мардумӣ", ки раҳбаронаш бо айби омодагӣ ба ғасби ҳукумат боздошт шуданд, иштирок карданд.

Дар пайи ин президенти Қирғизистон 14 май дар чорабинии бахшида ба Рӯзи модар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд, бо ҳар қимате кишварро ноором кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқ "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" ҳастанд.

XS
SM
MD
LG