Ссылки доступа

Зарафо Раҳмонӣ озод шуд


Маҳмад, писари Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, модараш 5 сентябри соли равон аз зиндон озод шуда, ҳоло ҳамроҳи наздикону пайвандонаш аст.

"Вазъи саломатии модарам чандон хуб нест. Ӯ тайи чанд рӯзи оянда бояд муолиҷа шавад ва танҳо баъди табобат метавонад, бо хабарнигорон суҳбат кунад," – изҳор медорад вай.

Қаблан як манбаъ дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, ба ҷуз ин соҳиби чаҳор фарзанди ноболиғ низ ҳаст ва аз ин рӯ, нисбати вай қонуни афв иҷро хоҳад шуд.

Раҳмонӣ соли гузашта ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуд. Мақомот онҳоро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта айбдор карданд. Ҳамаи онҳо моҳи июни имсол ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд. Раҳмонӣ, ки танҳо зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ду сол аз озодӣ маҳрум гардид.

XS
SM
MD
LG