Ссылки доступа

Боздошти чанде аз ҳокимони қазоқ бо гумони дуздии миллионҳо танга


Чанд тан аз ҳокимони минтақаҳои деҳотии ноҳияи Мактарали вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ бо гумони қаллобӣ ва аз худ кардани пули буҷа боздошт шудаанд.

Ба иттилои Хадамоти мубориза бо фасоди Қазоқистон, ин ҳокимон беш аз 100 миллион тангаи пули буҷаро, ки дар доираи барномаи фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҷудо шуда буд, дуздидаанд.

Манбаъ меафзояд, ки ҳокимон исми як кӯдакро дар чанд боғча сабт ва бо афзоиши рӯйхати кӯдакону изофанависӣ дар хароҷот пулҳоро аз они худ кардаанд.

Ҳоло гумонбарон дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии Мактарал нигаҳдорӣ мешаванд. Бар пояи иттилои манбаъ, бархеи онҳо бо пешниҳоди ришва талош кардаанд, ки худро аз ҷавобгарӣ озод кунанд.

XS
SM
MD
LG