Ссылки доступа

Мақомот: таркиши назди сафорати Чинро дар Бишкек уйғурҳо ташкил кардаанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) ному насаби онҳоеро, ки дар теракти назди сафорати Чин дар Бишкек гумонбар дониста мешаванд, нашр кард. Теракт 30 августи соли ҷорӣ рух дод.

Он замон террористи маргталаб бо мошин вориди сафорати Чин шуда, таҷҳизоти таркандаи худсохтро, ки дар мошин насб шуда буд, ба кор андохт. Дар пайи ин таркиш бинои сафорат зарари зиёд дид. Ҳамчунин ду шаҳрванди Қирғизистон, ки дар сафорат ба ҳайси боғбон фаъолият мекарданд, кушта шуданд.

Тафтишот бар ин назар аст, ки терактро гуруҳи террористии уйғруҳо, ки дар Сурия амал мекунад, фармоиш додааст. Фиристодаҳои гуруҳ аз роҳбари созмони террористии ҷаҳонии "Ҷамоати Тавҳид ва ҷиҳод" Абу Салоҳ (Сироҷиддин Мухторов, зодаи ноҳияи Қара-Суйски Қирғизистон) дастур гирифтаанд.

Мақомоти қирғиз мегӯянд, аллакай панҷ гумонбарро барои ташкили теракт боздошт ва чаҳор тани дигарро дар ҷустуҷӯ қарор додаанд. Нафаре, ки худро тарконд, 33 сол ва шиносномаи Тоҷикистонро доштааст. Тибқи шиноснома, вай Зоир Халилов зодаи соли 1983 будааст.

Ташкилкунандаи асосии теракт дар дохили Қирғизистон Саттибоев Иззотилло, мутаваллиди соли 1991 будааст. Мақомот ҳамчунин чанд шаҳрванди Қирғизистонро бо гумони кумак расонидан ба террористон боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG