Ссылки доступа

ИМА рӯйхати ширкатҳои таҳримшудаи Русияро афзоиш дод


Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, дар робита ба нақши Кремл дар нооромиҳои шарқи Украина рӯйхати ширкатҳои таҳримшудаи Русияро афзоиш диҳад. Сухан дар бораи даҳҳо ширкате меравад, ки 50 тоашон ба Газпром марбутанд.

Ин тасмим бояд 7 сентябри соли равон мавриди амал қарор гирад. Ба рӯйхати таҳримшудаҳо фармоишгарони сохтмони пули Керчен - ширкати "Таман" Агентии федералии роҳ ва пудратчиён шомиланд.

Таҳримҳои ИМА бори нахуст зидди 11 ширкати истеҳсолкунандаи лавозимоти электронӣ, ки дар саноати ҳарбӣ метавон аз онҳо истифода кард, эълон шуданд.

Мавҷи таҳримҳои як қатор кишварҳои бонуфузи ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ зидди Русия дар ҳоле баланд шуд, ки моҳи феврали соли 2014 аз дахолати низомии Москва дар Украина хабар доданд. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз он замон ба ин сӯ борҳо зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Кремл ҳам дар посух воридоти маҳсулот аз ИА, ИМА, Норвегия, Канада ва Австралияро манъ кард.

XS
SM
MD
LG