Ссылки доступа

Қисме аз кормандони буҷавии Туркманистон се моҳ боз маош нагирифтаанд


Бисёре аз кормандони буҷавӣ дар Туркманистон маоши семоҳаашонро нагирифтаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.

Аммо кормандон дар ин бора танҳо дар ҳузури ҳамкорон ва ё дӯстонашон ҳарф мезананд.

Мақомот дар посух ба кормандони соҳаҳои буҷавӣ гуфтаанд, дар сурати пайдо шудани маблағ дар навбати аввал нафақа ва кумакпулиҳоро пардохт хоҳанд кард.

Бархе аз кормандон аз бозору мағозаҳо маҳсулоти ғизоиро қарз мегиранд.

- Маро мешиносанд ва волидайни хонандагонам ба ман бовар мекунанд, аз ҳамин хотир маҳсулоти ғизоиро қарз медиҳанд. Вагарна тасаввур карда наметавонам, ки хонаводаамро чӣ гуна таъмин мекардам, - мегӯяд яке аз омӯзгорон.

XS
SM
MD
LG