Ссылки доступа

Кофтукоби агентҳои хориҷӣ дар Русия пурзӯр шудааст


Вазорати адлияи Русия ба санҷиши ғайринақшавии фаъолияти маркази байналмилалии ҳуқуқи инсони "Мемориал" пардохтааст, то муайян кунад, ки ин созмони ғайритиҷорӣ вазифаи "агенти хориҷӣ"-ро иҷро мекунад ё на.

Ин санҷиш бо ташаббуси Додситонии кулли Русия 5 сентябр оғоз ва натиҷааш то 30 сентябри соли равон эълон хоҳад шуд. Созмони мазкур бо дархости Вазорати адлияи Русия, тамоми протокол, ҳисоботи корӣ, рӯйхати матлабҳо ва санадҳои бонкию молии 4 соли ахири фаъолияташро пешниҳод кардааст.

Маркази "Мемориал" қадимитарин созмони ғайриҳукуматии Русия аст, ки ҳанӯз дар соли 1989 дар даврони шӯравӣ таъсис ёфтаааст. Яке аз самтҳои фаъолияти он тафтиши фишорҳои сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсиси бойгонии қурбониёни Террори бузург ва абадӣ гардонидани хотираи кушташудаҳо аст.

Баъди санҷиши соли 2013 "Мемориал"-ро маҷбур карданд, ки ҳамчун агенти хориҷӣ сабти ном шавад. Дар шаҳри Москва низ маркази ҳуқуқи инсони "Мемориал" ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" ворид карда шуд. Созмонҳои ғайритиҷории бо ин номро дар Рязан ва Екатеринбург низ агенти хориҷӣ хондаанд. Вазорати адлияи Русия 5 сентябри соли равон маркази таҳлилии Юрий Левада (Левада-сентр)-ро ҳам ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" шомил кард.

XS
SM
MD
LG