Ссылки доступа

Додгоҳи Бишкек ҳам даъвои ҳомиёни ҳуқуқро зидди президент рад кард


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон даъвои ҳифзи шарафу номус ва эътибори кории ҳомиёни ҳуқуқ Азиза Абдирасулова ва Толекан Исмоиловаро зидди президент Алмосбек Отамбоев рад кард. Ин қарори додгоҳ имрӯз содир шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ният доранд аз болои қарори мазкур ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят баранд.

Азиза Абдурасулова, раиси созмони ҳуқуқи инсони "Килим шами" талаб дорад, ки президенти Қирғизистон бояд расман узр пурсад ва ҳарфҳоеро, ки нисбаташон гуфтааст, рад кунад. Ба гуфтаи вай, Отамбоев ҳамчунин бояд ба онҳо 10 миллион сомӣ (муодили 1 миллион сомонӣ) ҳамчун зарари маънавӣ бипардозад.

Ёдрас мешавем, ки 16 июни соли равон Додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек низ даъвои ҳомиёни ҳуқуқро зидди Отамбоев рад карда буд.

Моҳи майи соли равон Азиза Абдурасулова ва Толиқон Исмоилова дар ҷаласаи созмони иҷтимоии "Порлумони мардумӣ", ки раҳбаронаш бо айби омодагӣ ба ғасби ҳукумат боздошт шуданд, иштирок карданд.

Дар пайи ин президенти Қирғизистон 14 май зимни чорабинии бахшида ба Рӯзи модар гуфт, аъзои "Порлумони мардумӣ" мехоҳанд, бо ҳар қимате кишварро ноором кунанд ва ҳомиёни ҳуқуқ "ҳалолхӯрони грантҳои хориҷӣ" ҳастанд.

XS
SM
MD
LG