Ссылки доступа

Қазоқистон "мавзуи Қрим"-ро дар китобҳои дарсияш ислоҳ кард


Нашриёти "Мактаб"-и Қазоқистон иттилои китобҳои дарсии ин кишварро дар бораи Қрим ислоҳ карда, сархатеро, ки дар он нимҷазира ҷузъи қаламрави Русия хонда мешуд, бардоштааст.

Ҷониби Украина аз иқдоми нашриёт ва шомил шудани мавзуи эҷодиёти Тарас Шевченко ба китобҳои дарсии макотиби миёнаи Қазоқистон истиқбол кардааст.

Нашриёти мазкур соли гузашта дар китобҳои дарсӣ ҳангоми зикри таърих ва ҷуғрофияи Қрим нимҷазираро ҷузъи қаламрави Русия хонда буд, ки эътирози Киевро ба бор овард. Баъди ин моҷаро сафорат ба китобҳои дарсии Қазоқистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Одилхон Дуйсебек, муовини сардори Маркази илмӣ-назарявии "Учебник"-и Қазоқистон гуфтааст, ки нашриёт ба ин мавзуи китобҳои дарсӣ саҳифаи ислоҳшудаи иловагиеро чоп карда, дар мактабҳо тақсим кардааст. "Матн дар бораи Қрим аз сӯи коршиносон ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии кишвар баррасӣ ва бар пояи марзҳои муайянкардаи СММ иншо шудааст", - меафзояд манбаъ.

Қазоқистон дар баҳси Қрим, ки баҳори соли 2014 аз сӯи Русия ғасб шуд, мавқеи бетарафиро интихоб кард. Моҳи марти ҳамон сол дар Маҷмааи умумии СММ бо қабули як қатънома раъйпурсӣ дар бораи ҷудо шудани Қрим аз Украинаро беэътибор донистанд.

XS
SM
MD
LG