Ссылки доступа

Ҳабси як қазоқ дар Бишкек бо айби узвият дар созмони террористӣ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) шаҳрванди 28-солаи Қазоқистон Шамо Мамедовро, ки дар узвияти созмони байналхалқии террористӣ айбдор мешавад, боздошт кардааст.

Ба иттилои КДАМ-и Қирғизистон, вай 2 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек боздошт шудааст.

Тафтишот муайян кардааст, ки Мамедов дар Қирғизистон "интизор"-и дастури роҳбаронаш будааст.

Мамедов ҳамчунин дастури роҳбаронашро дар мавриди ба Сурия фиристодани ҷангҷӯён иҷро мекардааст.

Мақомоти Қирғизистон нисбати Мамедов парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

XS
SM
MD
LG