Ссылки доступа

Муовини раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим аз бемористони касалиҳои руҳӣ раҳо шуд


Муовини раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим Илми Умеров рӯзи чаҳоршанбе аз бемористони касалиҳои руҳӣ мураххас шудааст. Дар ин бора вакили дифои вай Марк Фейгин хабар медиҳад.

Вакили дифоъ мегӯяд, талош хоҳад кард, ки айбномаи Умеров бекор шавад.

Мақомоти Қрими ғасбшуда Илми Умерови 59-соларо дар даъват ба халалдор кардани ягонагии ҳудуди Русия айбдор мекунанд. Вай дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки "бояд Русияро маҷбур кард, то аз Қрим ва Донбасс хориҷ шавад".

Муовини раиси Маҷлисро, сарфи назар аз вазъи бади саломатиаш, 11 август ба бемористон барои ташхиси равонӣ фиристоданд.

ИМА, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои байналхалқии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва порлумони Украина аз сарнавишти ин сиёсатмадор изҳори нигаронӣ карданд.

XS
SM
MD
LG