Ссылки доступа

Шиносномаҳои тоҷикӣ моли аъзои "Давлати исломӣ" будаанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, Фирдавс Бобоҷонов, зодаи 21-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Зоир Халилов, сокини 33-солаи ноҳияи Панҷакент ҳоло дар сафи ҷангиёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДИ) ҳузур доранд.

Ба иттилои манбаъ, ин ду нафар дар кофтукоб буда, маълум нест, ки чи гуна аз шиносномаҳояшон афроди бегона дар Қирғизистон истифода кардаанд.

"Амали террористиро дар назди сафорати Чин дар шаҳри Бишкек шаҳрванди Қирғизистон Сотибоев Иззатилло бо тахаллуси "Алӣ" анҷом додааст. Номбурда бо худ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон Бобоҷонов Фирдавсро, ки бо гумони узвият дар ДИ кофтукоб мешавад, доштааст", - омадааст дар изҳорот.

Моҳи майи соли равон маълум шудааст, ки Фирдавс Бобоҷонов дар Сурия қарор дорад ва нисбаташ бо гумони “зархаридӣ ва иштирок дар амалиёти мусаллаҳона” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Масъулини ВКД Тоҷикистон гуфтанд, кофтукоби Фирдавс Бобоҷонов ва Зоир Халилов идома дорад.

Мақомоти махсуси Қирғизистон 6 сентябр эълон карданд, ки омилон ва фармоишгарони ҳамлаи террористӣ дар назди сафорати Чин дар Бишкекро муайян кардаанд. Ба иттилои манбаъ, яке аз онҳо бо худ шиносномаи тоҷикӣ доштааст, ки ба Зоир Халилов (соли таваллудаш 15.01.1983) тааллуқ дорад.

Фармоишгари аслии ҳамла гуруҳи террористии ӯйғурҳо дар Сурия буда, тарҳи онро созмони террористии "Ҷамоати тавҳид ва ҷиҳод" тарҳрезӣ ва сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG