Ссылки доступа

"Русияи воҳид" асарҳои як рассоми шведиро дуздидааст


Нилс-Петтер Эквалл, рассоми шведӣ мегӯяд, Ҳизби "Русияи воҳид" асарҳои ӯро бидуни иҷоза дар таблиғоти интихоботияш истифода мебарад. Дар ин бораи худи рассом дар сомонаи Behance навиштааст.

Намояндаҳои ин ҳизби Русия зимни суҳбат бо хабарнигорони шведӣ тасдиқ кардаанд, ки расми Эквалл воқеан дар маводи пешазинтихоботияшон дар Нижний Новгород истифода шудааст.

Роман Зорин, намояндаи "Русияи воҳид" ваъда додааст, ки минбаъд асарҳои дигаронро истифода намекунанд ва ҳизби онҳо омодааст, барои ин кор аз Нилс-Петтер Эквалл узр пурсад ва ҷуброн диҳад.

Худи рассом гуфтааст, ки барои вай пул муҳим нест ва аз он нороҳат аст, ки кишваре мисли Русия асарҳои ӯро бо ин шева истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG