Ссылки доступа

Қазоқистон тафтиши суқути чархболро оғоз кард


Додситонии кулли нақлиётии Қазоқистон мегӯяд, тафтиши суқути чархболе, ки дар дохилаш кормандони ширкати "КазТрансОйл" ҳузур доштанд, оғоз шудааст.

Шуъбаи пулиси истгоҳи Жезказган бар пояи моддаи "Вайрон кардани қоидаҳои идораи нақлиёти ҳавоӣ" тафтишро оғоз карда, Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон дар робита ба ин қазия комиссияи махсусеро таъсис додааст.

Ба иттилои Додситонии нақлиёти Қазоқистон, чархболи Ми-8Т-и ширкати "Евро-Азия Эйр" 7 сентябр соати 15:50 дақиқа ҳангоми парвоз ба ноҳияи Улитауи вилояти Қарағанда суқут кардааст.

Манбаъ мегӯяд, чархболе, ки дар дохилаш се узви экипаж ва 19 мусофир - кормандони ширкати "КазТрансОйл" ҳузур доштанд, баъди ба замин афтидан оташ гирифтааст. Дар натиҷа 4 корманди ширкати мазкур бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи шаҳри Қизилурда интиқол ёфтаанд.

Ин чархбол кормандони Идораи лӯлаи нафти Жезказгани Бахши шарқии "КазТрансОйл" интиқол медодааст. Бар пояи иттилои Кумитаи авиатсияи граждании Қазоқистон, чархбол ва ҳайати экипаж иҷозатномаи фаъолиятро доштанд.

XS
SM
MD
LG