Ссылки доступа

Ӯзбекистон ба ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Исломӣ омода мешавад


Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Исломӣ Иёз бин Амин Маданӣ имрӯз ба Тошканди Ӯзбекистон сафар мекунад. Вай дар ин сафараш ба омодагиҳо барои баргузории 43-уми ҷаласаи Созмонро, ки қарор аст, моҳи октябр дар Ӯзбекистон доир шавад, шинос хоҳад шуд.

Маркази таҳқиқотҳои иқтисодии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки чорабинии мазкур аҳамияти муҳим дорад.

Созмони ҳамкориҳои Исломӣ баъди СММ дувумин созмони бузург эътироф шудааст. Ин созмон 57 кишварро бо 1,5 миллиард аҳолӣ дар бар мегирад. Ҳадафи асосии созмони мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни кишварҳои мусалмонӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG