Ссылки доступа

Президенти Тоҷикистон мушовири роҳбари ҲНИТ-ро авф кард (видео)


Зарафо Раҳмонӣ, мушовири пешини ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, гуфт, ӯ на тибқи қонуни афв, балки бар асоси бахшиши шахсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳо шудааст.

Зарафо Раҳмонӣ, ки 5 сентябр баъди як соли зиндон раҳо шуд, гуфт, вай ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома фиристода ва хоста буд, ки ӯро афв намояд. Ва ҳамин тавр аз сӯи президент авф шудааст.

Первое интервью Зарафо Рахмони после выхода на свободу
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:58 0:00

Зарафо 44 сол дошта, аз соли 2012 то замони боздошташ ба унвони мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ кор кардааст.

Вай соли гузашта ҳамроҳи 13 узви дигари раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт шуд.

Мақомот онҳоро барои ҳамкорӣ бо гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ва даст доштан дар ошӯби моҳи сентбяри соли гузашта муттаҳам карда, моҳи июни имсол ба муддатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаитро ба ҳабси абад фиристоданд. Раҳмонӣ танҳо зан дар ҳайати ин гуруҳ буд, ки ба ду соли зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG