Ссылки доступа

Сарвазири Қазоқистон раиси амният шуд


Карим Масимов, ки то дирӯз сарвазири Қазоқистон буд, бо фармони президент Нурсултон Назарбоев раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар таъйин шудааст.

Уҳдадориҳои сарвазир муваққат ба дӯши муовини аввали сарвазир вогузор шудааст.

"Ҳукумати Қазоқистон то тасдиқи ҳайати нави ҳукумат ба кораш идома хоҳад дод", - омадааст дар фармони Назарбоев.

Ин тағйирот дар Қазоқистон як рӯз пеш аз ҷаласаи васеи ҳукумат, ки зери раисии Назарбоев доир хоҳад шуд, сурат гирифтааст.

Карим Масимов бори аввал дар соли 2007 сарвазир таъйин шуд ва то соли 2012 кор кард. Солҳои 2012-14 роҳбари дастгоҳи президент буд. Моҳи апрели соли 2014 дубора сарвазир таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG