Ссылки доступа

Таҷлил аз 25-солагии истиқлолият дар Тоҷикистон


Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолият дар Душанбе аз рӯзи 8 сентябр шуруъ шуд. Дар майдони марказӣ гузашти низомӣ баргузор гардид. Дар ин гузашт бештар аз 16 ҳазор низомӣ, аз ҷумла занон ширкат карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон сарфармондеҳи артиш аст, пеш аз шуруъи гузашт аз низомиён хост, то содиқона ба ватан хизмат кунанд.

Чорабиниҳои ҷашнӣ бахши ба ҷашни истиқлолият дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар доир мешавад. Ба иттилои вазорати фарҳанг, 9 сентябр даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯён ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар маркази Душанбе роҳпаймоӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG