Ссылки доступа

Сарвазири Арманистон аз мақомаш истеъфо дод


Новик Абрамян, сарвазири Арманистон дар шароити таназзули шадиди иқтисод ва аланга гирифтани оташи норозогии мардуми кишвараш истеъфояшро эълон кард.

"Мо ба оғоз ва дидгоҳҳои нав ниёз дорем. Мо бояд дар фикри оянда ва ташкили ҳукумати нав бошем", - изҳор дошт Абрамян.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш Серж Саргсян, президенти Арманистон гуфт, тасмим доранд, то ҳукумати "ризояти миллӣ" ташкил кунанд.

Новик Абрамян ду сол пеш сарвазири Арманистон таъйин шуда буд. Иқтисоди ин кишвар дар як соли ахир ба шиддат поин рафта, замони ҳукумати вай Ереван шоҳиди хушунати нав дар марзҳояш бо Озарбойҷон гардид ва чанде пеш низ буҳрони ишғоли идораи пулис аз тарафи афроди мусаллаҳро пушти сар кард.

Ба иттилои ВАО-и Арманистон, интизор меравад, ба ҷои Абрамян шаҳрдори пешини Ереван ва раҳбари собиқи ширкати давлатии газ Карен Карапатиён сарвазири ин кишвар таъйин шавад.

XS
SM
MD
LG