Ссылки доступа

Даҳо гуруҳи ёрирасони Сурия ҳамкориро бо СММ қатъ карданд


Даҳҳо гуруҳи ёрирасони Сурия мегӯянд, ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид қатъ кардаанд, чун як қатор агентӣ ва шарикони созмон зери таъсири режими президент Башор Асад фаъолият доранд.

Зери номае, ки дар ин бора ба унвони Идораи ҳамоҳангсози масоили башардӯстонаи СММ фиристода шудааст, намояндаҳои 73 гуруҳ имзо гузоштаанд. Ин гуруҳҳои ёрирасон ҳамчунин талаб кардаанд, ки фаъолияти агентиҳои СММ дар Сурия тафтиш шавад.

Миёни гуруҳҳои мазкур номи созмонҳои "Ҷамъияти тиббии Амрикову Сурия" ва "Мудофиаи мадании Сурия", ки дар минтақаҳои зери идораи шӯришгарон фаъолият мекунад, ҳам ҳаст. Стефан Дуярич, намояндаи СММ ин иддаоро рад карда, аммо иқрор намудааст, ки баъзеи агентиҳои созмон бо режими Асад ҳамкории зич доранд.

Бо ин ҳол, нерӯҳои ҳукумати Сурия ва ҳампаймонони онҳо минтақаи дигари зери идораи шӯришгаронро дар Ҳалаб ғасб ва муҳосираи шаҳрро пурзӯр кардаанд.

Дар нооромиҳои Сурия, ки 6 сол идома дорад, ба камияш 290 ҳазор одам кушта шудааст. Талошҳои байналмилалӣ барои қатъи ин даргириҳо бенатиҷаанд.

XS
SM
MD
LG