Ссылки доступа

Имзои корбарони интернет дар Русия ваколатдори ҳуқуқи кӯдакро бе мансаб кард


Владимир Путин, президенти Русия фармони аз мақом барканор кардани ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар Павел Астаховро имзо кард.

Астахов бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтааст.

Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия барканор хоҳад шуд. Астаховро дар ин мақом нозири грантҳои президентӣ Анна Кузнетсова иваз кардааст.

Павел Астахов аз соли 2009 то кунун дар ин мақом фаъолият мекард. Вай ҳамчун яке аз идеологҳое, ки фарзандхонии кӯдакони русро барои хориҷиён дар соли 2011 манъ кард, маъруф аст. Охири моҳи июн корбарони интернетӣ дар Русия барои ба истеъфо фиристодани вай имзо ҷамъ карданд. Астахов зимни гуфтугӯ бо кӯдаконе, ки дар фоҷиаи кӯли Сямозеро дар Карелия зинда монданд, пурсид, "Хуб, чӣ гуна оббозӣ кардед?". Ин суол хашми русҳоро барангехт.

XS
SM
MD
LG