Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: "Бадхоҳон мехостанд давлати исломӣ созанд"


Президенти Тоҷикистон гуфт, дар оғози солҳои истиқлолият нерӯҳои ба гуфтаи вай "бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ" бо дастури "хоҷагони хориҷии худ" нақшаи бунёди давлати исломиро кашиданд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанг партофтанд. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 сентябр зимни суханронӣ ба муносибати 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад баён кард.

Президент бо ёдоварӣ аз солҳои аввали касби истиқлоли Тоҷикистон гуфт, нерӯҳое буданд, ки бар хилофи хостаҳои мардум мехостанд "фарҳангу мазҳаби бегона"-ро бар сари мардум тоҷик бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ ба таври ошкоро ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро омили ин ҳама нобасомониҳо хонд. Ӯ ишора кард, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсис "фирефтаи мафкура ва нақшаҳои Ҳизби наҳзати ислом" гаштанд ва кишвар ба гирдоби ҷанг печид ва дар натиҷа ҳазорон нафар куштаву бехонумон ва зербинои иқтисодии кишвар хароб гашт.

Президент бо таваҷҷуҳ ба нооромиҳо дар бархе аз кишварҳои исломӣ гуфт, “он чӣ дар ин кишварҳои исломӣ мегузарад, такрори ҳодисоти солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон аст”.

25 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд.

XS
SM
MD
LG