Ссылки доступа

Мирзиёев: бо ҳамсояҳои наздик сиёсати дӯстонаро ба роҳ мемонем


Шавкат Мирзиёев, президенти муваққатии Ӯзбекистон гуфт, кишвараш наздикии бештар бо ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказииро аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии худ медонад. Вай ин нуктаро дар ҷаласаи якҷояи ҳарду палатаи порлумони кишвараш баён дошт.

"Мо нисбати ҳамсояҳои наздики худ - Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон сиёсати дӯстонаву хайрхоҳонаро амалӣ хоҳем кард", - гуфт Мирзиёев.

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки самти афзалиятноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон рушди равобит бо кишварҳои ИДМ ва дар навбати аввал рушди пайваставу таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона бо Русия хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан судманду созанда бо Вашингтон яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тошканд аст. Мирзиёев, афзуд, ки барои Ӯзбекистон таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чин, Ҷопон, Куриё ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва туризм аҳамияти хос дорад.

"Қарори қатъии Ӯзбекистон ҳамоно ин аст, ки узви ягон блоки сиёсию низомӣ намешавад, дар қаламраваш пойгоҳи ҳарбии ягон кишварро ҷой намедиҳад ва ҳарбиёнашро ба хориҷ аз мамлакат намефиристад", - таъкид кард иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG