Ссылки доступа

Куриёи Шимолӣ нерӯмандтарин силоҳи ҳастаияшро озмоиш кард


Куриёи Шимолӣ имрӯз панҷумин ва нерӯмандтарин озмоиши ҳастаиро анҷом дод, хабар медиҳанд мақомоти Куриёи Ҷанубӣ. Заминларзаи бо иқтидори 5,3 балл дар ҳамон маконе ба қайд гирифта шудааст, ки чаҳор озмоиши пешин сурат гирифта буд.

Президенти Куриёи Ҷанубӣ Пак Кин Хе мегӯяд, озмоиши силоҳи ҳастаӣ нақзи ошкорои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст. Ин озмоиш ба тамдид ва пурзур шудани таҳримҳо нисбати Куриёи Шимолӣ боис хоҳад шуд. "Чунин иқдомҳои таҳрикомез танҳо фурурезии режими Куриёи Шимолиро метезонад", - гуфтааст Пан Кин Хе. Вай ҳамзамон роҳбари Куриёи Шимолиро "одами мутаассиб ва бемасъулият" номидааст.

Иқтидори озмоиши панҷум 10 килотонн будааст, ки наздик ба ду баробари озмоишҳои пешин унвон мешавад. Нерӯи бомбаҳои атомие, ки Хиросимро вайрон карданд, ба 15 килотонн баробар мешуд.

Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ мегӯяд, агар озмоиши ҳастаӣ собит шавад, пас ин амали Куриёи Шимолӣ ғайри қобили қабул аст.

ИМА ва Ҷопон барои санҷидани сатҳи радиатсия ва ҳаво ҳавопаймоҳояшонро ба наздикии маҳалли озмоиш фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG