Ссылки доступа

Шумори захмиёни таркиши шаҳри Вани Туркия ба 48 нафар расид


Шумори захмиёни таркиши шаҳри Вани Туркия ба 48 нафар расида, вазъи ду танашон вазнин арзёбӣ мешавад. Қаблан дар бораи захмӣ шудани 11 кас хабар дода буданд.

Ба иттилои ВАО, як мошини пур аз маводи тарканда субҳи рӯзи душанбе дар назди коргоҳи ҳоким ва идораи минтақавии Ҳизби адолат ва рушд инфиҷор шудаааст. Дар наздикии макони ҳодиса шуъбаи пулис низ ҷойгир буда, миёни захмиён ду корманди ҳифзи ҳуқуқ ҳам ҳаст.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамларо кадом гуруҳ анҷом додааст. Ахиран мақомоти Туркия раҳбари 28 ноҳияи асосан курднишини ин кишварро аз кор барканор карданд. Мансабдорони мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҳизби коргарони Курдистон гумонбар шудаанд, ки Анқара ва як қатор кишварҳои Ғарб онро гуруҳи террористӣ хондаанд.

Ин барканориҳо миёни сокинони курди Туркия эътирозҳоеро ба бор овардааст. Моҳҳои ахир дар ҷанубу шарқи Туркия пайваста таркишҳо рух медиҳад. Анқара мегӯяд, ин таркишҳо кори пайравони Ҳизби коргарони Курдистон аст.

XS
SM
MD
LG