Ссылки доступа

Дар Тошканд табибон пул дода, аз пахтачинӣ халос мешаванд


Кормандони Маркази илмии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳии Тошканди Ӯзбекистон имсол ба ҷамъоварии пахта нахоҳанд рафт. Ҳайати кормандони беморхона тасмим гирифтаанд, ба ҷои рафтан ба пахтазор ҳар кадоме 200 ҳазор сӯмӣ (31 доллари ИМА) супорад.

"Шумори кормандони мо кам ва беморон зиёд ҳастанд. Табобати онҳоро намешавад, ба баъд "гузошт". Тамоми кормандони беморхона, ҳатто ҳамшираҳое, ки маошашон на беш аз 350 (55 доллар) ё 400 ҳазор (62 доллар) сӯм аст, пул супоридаанд. Дар ин беморхона ҷамъан наздики 500 кас кор мекунад. Ба мо гуфтанд, ки марказ бояд пули ҷамъоваришударо ба намояндаи мақомоти маҳаллии ноҳия бидиҳад ва онҳо худ бо афроде, ки ба ҷои мо кор мекунанд, суҳбат хоҳанд кард", - гуфт яке аз кормандони маркази мазкур.

Ба гуфтаи вай, ҳеч кас алоқаманд нест, ки аз ҷайби худ барои ҷамъоварии пахта пул бисупорад, вале мардум маҷбуранд. Ҳарфҳои ин табибони ба ғазаб омадаро касе гӯш намекунад ва ҳар нафаре ҳам агар гӯяд, ки ба пахтазор намеравад, зиддаш таҳдидҳо шуруъ хоҳад шуд.

Бино ба ҳисобҳо, кормандони Маркази илмии ҷумҳуриявии нейроҷарроҳии Тошканд барои нарафтан ба пахтазор ҷамъан 100 миллион сӯм ё 15 ҳазору 600 доллар хоҳанд супорид ва дар Ӯзбекистон ин гуна ҳайати кормандон, ба ҷуз бахши соҳибкории хусусӣ ҳазорҳо аст.

XS
SM
MD
LG