Ссылки доступа

Эътирозҳо дар Озарбойҷон зидди тағйири Конститутсия (видео)


Дар эътирозе, ки Фронти муттаҳидаи мухолифон 12 сентябр баргузор кард, ҳазорон шаҳрванд ширкат карданд. "Раъйпурсӣ чаро лозим аст? Ба хотири он ки бори севум Конститутсия барои як нафар - Илҳом Алиев тағйир дода шавад", - садо додаанд ширкатдорон.

Мақомоти Озарбойҷон ният доранд 26 сентябр раъйпурсӣ анҷом дода, маҳдудияти синну солиро барои номздаӣ ба президентӣ бардоранд ва ҳамчунин муҳлати президентиро аз 5 то 7 сол тамдид кунанд. Ин раъйпурсӣ инчунин дар назар дорад, ки ҷавонони ба синни 18 расида метавонанд номзад ба вакили порлумон шаванд.

Шаркатдорони эътироз талаб карданд, ки раъйпурсӣ манъ шавад ва бар иваз ислоҳот баргузор шуда, маҳбусони сиёсӣ озод шаванд.

Роҳбари ҳизби "Фронти халқии Озарбойҷон" Алӣ Каримли гуфтааст, мардумон барои бойкот эълон кардар ба раъйпурсӣ ба эътироз баромадаанд.

Рӯзноманигор Хадича Исмоилова низ бар ин назар аст, ки раъйпурсӣ ба хотири аз дасти як узви хонавода ба дасти дигар гузаштани қудрат роҳандозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG