Ссылки доступа

Озмуни "Евровидение-2017" дар Киев мегузарад


Озмуни сарояндагии "Евровидение" соли 2017 дар шаҳри Киеви Украина барпо мешавад. Дар ин бора мудири кулли Ширкати телевизиони Украина Зураб Аласания хабар додааст.

Қарори ташкилкунандаҳои озмун рӯзҳои наздик ба шӯрои нозирони "Евровидение", ки дар Берлини Олмон ҷойгир аст, ирсол мешавад. Эълони шаҳре, ки бояд озмуни навбатӣ он ҷо доир шавад, чанд бор ба таъхир даромад. Ибтидо мебоист охири моҳи июл қарор эълон мешуд. Киев, Днепр, Одесса, Лвов, Харков ва Херсон барои баргузор кардани озмун дархост фиристода буданд.

Дар озмуни Евровидение, ки 14 майи имсол дар шаҳри Стокголм доир шуд, сарояндаи тотортабори Украина аз Қрим Ҷамола бо таронаи "1944" пирӯз шуд. Ин тарона ба ихроҷи мардуми тотор аз Қрим дар солҳои роҳбарии Сталин бахшида шудааст. Мақоми дувумро дар ин озмун Дэми Им, аз Австралия ва мақоми севумро Сергей Лазарев аз Русия ишғол карданд. Украина то ин замон - дар соли 2005 озмуни "Евровидение"-ро дар Киев баргузор кардааст.

XS
SM
MD
LG